Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар бахшҳои нақлиёту транзит, татбиқи тадбирҳои муштарак ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли бор ва ифтитоҳи долонҳои нави нақлиётии мултимодалӣ баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни музокирот ҷониби хориҷӣ омодагии худро барои ҳавасмандгардонии ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан ва бандарҳои баҳрии Эрон эълон карда, ба таври изофӣ дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккул, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли бор дар бандарҳои шимолӣ ва ҷанубии кишвар иттилоъ дод.
Ба мақсади минбаъд баланд бардоштани самарабахшии иқтидори нақлиётиву транзитии ду мамлакат, зарурати идома додани ҳаракатҳои муштараки амалӣ мувофиқи созишномаҳои ба дастомада таъкид гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.