Дар ин бора Қарори Президент «Дар бораи чораҳои ташкили минтақаи сайёҳӣ-рекреатсионии “Фарғона”» (ҚП–5 аз 12.01.2026) қабул гардид.
Мувофиқи қарор, ин минтақаи сайёҳӣ бо имкони тамдиди минбаъда ба муҳлати 30 сол ташкил карда мешавад.
Дар ноҳияи Фарғона барои ба иншооти туристӣ табдил додани кластери агротуристии малинаи «Водил» инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварда шуда, бо ҷалби соҳибкорони дорои иқтидор дар ҳудуди боғҳо (плантатсияҳо)-и малина иншооти сабуки хизматрасонӣ бунёд мегарданд.
Солҳои 2026–2027 дар замини атрофи обанбори Фарғонаи марказии ноҳияи Ёзёвон тавассути ташкили хизматрасониҳои сайёҳӣ ҷойҳои корӣ муҳайё карда мешаванд.
Дар ҳудуди маҳаллаҳои ҷамоати шаҳрвандони «Саноат» ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фарғона бо истифода аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ плантатсияҳои малина ташкил шуда, тавассути сохтмони сардхона ва сехҳои коркарди амиқ хидматрасониҳои агротуристӣ ба роҳ монда мешаванд.