Эҷодкорони шабакаи телевизионии Индонезия намоиши «Muslim Traveler» дар Ӯзбекистонро ба навор мегиранд

    Сайёҳӣ 13 Fevral 2023 905

    Манзараҳои намоиши «Muslim Traveler»-и эҷодкорони телевизиони Индонезия дар Самарканду Бухоро ба навор гирифта мешаванд. Ба ин муносибат дар мулоқот дар Индонезия созиш ҳосил гардид.

    Ҳайат дар таркиби ҳокимияти вилояти Самарқанд, Вазорати фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин созмонҳои дахлдор ба Малайзия ва Индонезия сафар карданд. Ҳадаф ҷалби сайёҳон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва сармоягузорон ба кишвари мо буд.

    Қобили зикр аст, ки дар мулоқот бо ноиби президенти ширкати индонезии «NET MEDIA» оид ба рушди стратегӣ Эко Ювоно ҳамчунин масъалаи омода кардани як барномаи муштараки видеоӣ оид ба иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон низ баррасӣ шуд.

    Бинобар ҷамъбасти мулоқот дар бораи сафари аъзои гурӯҳи наворбардорӣ дар моҳҳои феврал-март ба Ӯзбекистон, ҳамчунин доир ба наворбардорӣ ва пахши намоиши «Muslim Traveler» дар Самарқанд ва Бухоро тавофуқ ҳосил шуд.

    Барои маълумот: NET шабакаи телевизионии бепули Индонезия мебошад, ки 26 майи соли 2013 таъсис ёфтааст. Барномаи канал ба оилаҳо ва тамошобинони ҷавон нигаронида шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates