Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис бо Президенти Озарбойҷон мулоқот кард

    Дар ин рӯзҳо ҳайати парлумонӣ таҳти роҳбарии Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Нуриддинҷон Исмоилов дар Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор дорад.

    16 майи соли равон дар доираи сафари расмӣ ба Боку Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуриддинҷон Исмоилов бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуд.

    Қайд карда шуд, ки кишварҳои моро на танҳо ҳамкорӣ, балки таъриху забон ва фарҳанги муштарак, муносибатҳои дӯстонаи бародарона ба ҳам мепайвандад.

    Дар вохӯрӣ ба динамикаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи бисёрҷанба, аз ҷумла байнипарлумонӣ баҳои баланд дода шуда, таъкид шуд, ки барои боло бурдани сатҳи табодули мол миёни ду кишвар имкониятҳои бузург мавҷуданд.

    Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои нақлиёт, сармоягузорӣ ва дигар, таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмони давлатҳои туркӣ (СДТ)-ро қайд карданд.

    Раиси палатаи поёнии парлумон Н.Исмоилов зимни мулоқот ба Президенти Озарбойҷон И.Алиев номаи табрикии Президенти Ӯзбекистон Ш.Мирзиёевро ба муносибати 28 май – Рӯзи истиқлолияти Озарбойҷон супурд.

    Дар рафти вохӯрӣ, ки дар руҳи конструктивӣ гузашт, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд, хабар медиҳад, хидмати иттилоотии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates