Мутобиқи моддаи 1 Созишномаи дар боло зикршуда шаҳрвандони як тараф, ки муваққатан ба қаламрави тарафи дигар меоянд, аз ӯҳдадории бақайдгирӣ (бақайдгирӣ дар ҷои будубош) дар мақомоти салоҳиятдори давлати воридшаванда дар давоми 15 рӯз озод карда мешаванд, гуфта мешавад дар шарҳ.
Мўҳлати будубоши муваққатӣ аз рўзи ворид шудани шаҳрванди ҷониби як давлат ба қаламрави ҷониби дигар давлат, ки бо корти муҳоҷиратии қайди мақомоти назорати сарҳадӣ (ё қайди дахлдор дар шиноснома) ҳангоми ворид шудан ба қаламрави ҷониби дигар давлат тасдиқ шудааст, ҳисоб карда мешавад.
Ҳамин тариқ, дар Созишномаи мазкур дароз кардани мӯҳлати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар қаламрави Федератсияи Русия, ки ба қайд гирифтан (бақайдгириро дар ҷои будубош) талаб намекунад, аз 7 то 15 рӯз муқаррар мекунад. Барои шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон меоянд, ин мӯҳлат аз 3 то 15 рӯз дароз карда шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё» бо истинод ба шарҳи раёсати шартномавиву ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ба ин муносибат, Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба шаҳрвандони ҳарду давлат тавсия медиҳад, ки қонунгузории кишвари будубошроро риоя намуда, сари вақт дар мақомоти салоҳиятдор аз қайд (қайдгирӣ) гузаранд.