– Сурхондарё на танҳо сарзамини табиати зебо, балки диёри инсонҳое мебошад, ки рӯҳияи пурзӯр, ғайрати баланд ва орияти мустаҳкам доранд. Рушди Сурхон таҳкими сутуни ҷанубии такягоҳи Ӯзбекистони Нав мебошад, – таъкид кард Сарвари давлат дар оғози суханронӣ.

Дар муддати сипаришуда дар минтақа зиёда аз 8 ҳазор лоиҳа ба маблағи 5 миллиард доллар ба истифода дода шуд. Бо кишварҳое чун Чин, ИМА, Русия, Ҳиндустон, Австрия ва Маҷористон оид ба сармоягузорӣ ва савдо ба маблағи иловагии 10 миллиард доллар созишномаҳо ба даст омадааст.

Дар нуҳ соли охир фарогирӣ бо кӯдакистонҳо аз 28 то 68 фоиз афзуд, 23 мактаби нав бунёд гардида, 448 муассиса таъмир карда шуданд. 102 ҳазор ҷойи нишасти иловагӣ барои хонандагон муҳайё гардид. ба 688 бинои бисёрошёна, ки дар ин давра сохта шуданд, 32 ҳазор оила кӯчиданд. Дар ноҳияҳои Ангор, Бойсун, Ҷарқӯрғон, Сариосиё ва Тирмиз мавзеъҳои “Ӯзбекистони Нав” ташкил гардиданд.

Бо татбиқи лоиҳаи “Истифодаи оби обанбори Тӯпаланг” таъминоти оби нӯшокии 563 ҳазор аҳолии шаҳри Тирмиз ва 10 ноҳия беҳтар карда шуд.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки назди ҳокими вилоят ва ҳокимони ноҳияҳо вазифа гузошта шудааст, то дар соли ҷорӣ ҳаҷми сармоягузориро ба 3 миллиард доллар ва содиротро ба 1 миллиард доллар расонанд. Ҳамчунин поин бурдани сатҳи нодорӣ то 2,8 ва бекорӣ то 4,5 фоиз, инчунин ба минтақаҳои бидуни камбизоатӣ ва бекорӣ табдил додани шаҳри Тирмиз ва ноҳияҳои Ангор, Денов, Ҷарқӯрғон, Қизириқ ва Музработ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар сохтори иқтисодиёти Сурхондарё саҳми саноат дар нуҳ соли охир панҷ баробар афзуда, ба 10 фоиз расидааст. Аммо ҳанӯз ҳам кофӣ набудани ин нишондиҳанда қайд гардид.

Барои афзоиши ҳаҷми саноат зарурати суръат бахшидан ба азхудкунии конҳои минтақа таъкид карда шуд.

Вазифа гузошта шуд, ки соли ҷорӣ дар конҳои “Санҷар”-и Бойсун ва “Оқсув”-и Олтинсой, соли оянда дар кони “Фангарт”-и ноҳия истихроҷи ангишт роҳандозӣ шавад. Ширкати “Sosol”-и Африқои Ҷанубӣ ба истеҳсоли полипропилен, полиэтилен ва каучук аз ангишт таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Сармоягузорони чинӣ низ барои ворид намудани 1 миллиард доллар сармоя ба конҳои “Қоракон”, “Ҷемсонит”, “Чуқур” ва “Байрам-1”-и Сариосиё омодаанд. Дар кони “Безактоп”-и Бойсун захираҳои санги табиӣ ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд. Супориш дода шуд, ки корҳои зарурӣ дар ин самт оғоз гарданд.

Дар ҷамъомад натиҷаҳои фаъолияти Маркази байналмилалии савдои Тирмиз махсус зикр гардид. Соли гузашта ба марказ беш аз 800 ҳазор шаҳрвандони Афғонистон ташриф оварда, ҳаҷми содирот 320 миллион долларро ташкил додааст.

То ҳазор гектар расонидани масоҳати марказ муқаррар гардид. Гуфта шуд, ки бо татбиқи лоиҳаҳои нав шумораи соҳибкорон ва харидорон бамаротиб меафзоянд ва бо мақсади таъмини волоияти қонун дар марказ фаъолияти шуъбаи махсуси прокуратура ва корҳои дохилӣ роҳандозӣ мешавад.

Инчунин қайд гардид, ки минбаъд гардиши молу хидматрасониҳо дар ҳудуди марказ ҳамчун содирот арзёбӣ гардида, нисбат ба онҳо меъёри “сифр”-и андоз аз арзиши иловашуда татбиқ мешавад.

Сарвари давлат ба имкониятҳои кишоварзӣ низ таваққуф намуда, таъкид кард, ки дар 35 ҳазор гектар замини наздиҳавлигии вилоят соле 3–4 маротиба ҳосил гирифта мешавад ва чунин нишондиҳанда дар дигар ягон вилоят мавҷуд нест.

Зарурати ба роҳ мондани таҷрибаи босамари “Мактаби замини наздиҳавлигӣ”-и ноҳияи Тирмиз дар тамоми вилояти Сурхондарё ба миён гузошта шуд. Дар ин замина супориш дода шуд, ки дар ноҳияҳои Ангор, Узун ва Деҳнав низ “Мактабҳои замини наздиҳавлигӣ” ташкил карда шаванд ва дар ҳар як вилоят фаъолияти дутоӣ “Мактаби инноватсионии замини наздиҳавлигӣ” роҳандозӣ гардад.

Таъкид гардид, ки дар шароити вилояти Сурхондарё истеҳсоли маҳсулот дар гармхонаҳо нисбат ба дигар минтақаҳо 2–3 баробар арзонтар меафтад. Гуфта шуд, ки имсол дар асоси таҷрибаи минтақаи Алмерияи Испания дар ҳазор гектар майдон гармхонаҳои бо нури офтоб гармшаванда ташкил гардида, ба соҳибкороне, ки чунин гармхона месозанд, замин ба муҳлати 5 сол бепул ба иҷора дода мешавад ва онҳо ба муҳлати 3 сол аз пардохт барои истифодаи обҳои зеризаминӣ низ озод мегарданд.

Таъкид шуд, ки чарогоҳҳо боз яке аз имкониятҳои бузурги вилоят мебошанд, ки то ҳол пурра истифода нашудаанд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар ноҳияи Бойсун 197 ҳазор гектар чарогоҳ мавҷуд аст ва агар насосҳои дарёи Дарбанд барқарор об бароранд, барои мавриди истифода қарор додани 10 ҳазор гектар чарогоҳ имконият фароҳам мешавад.

Таъкид карда шуд, ки барои азхудкунии чарогоҳҳои захиравӣ нархи ибтидоӣ дар ҳаҷми 1 фоизи арзиши меъёрӣ муқаррар гардида, онҳо ба музояда бароварда мешаванд. Ба соҳибкороне, ки дар музояда замин мегиранд, ба муҳлати 10 сол кредит бо фоизи 14 дарсад ва давраи имтиёзноки 4-сола ҷудо карда мешавад ва барои овардани об ба ҳар 10 гектар то 120 миллион сӯм субсидия тақдим мегардад.

Чорабиниҳои татбиқсозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои парандапарварӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварии вилоят низ муайян гардиданд.

Гуфта шуд, ки роҳу инфрасохтори роҳу нақлиёт яке аз масъалаҳои доғи вилоят ба шумор меравад. Ҳоло лоиҳаи ба рӯйпӯши семент-бетонӣ гузаронидани 111 километри роҳ, ки Бойсун ва Деҳнавро мепайвандад, амалӣ мегардад. Пас аз ба истифода додани ин роҳ ҳаҷми боркашонӣ ду баробар афзуда, вақти сафар аз 3 то 1,5 соат коҳиш меёбад.

Соли ҷорӣ таъмири асосии 178 километри шоҳроҳе, ки кишварро бо Афғонистон ва Тоҷикистон мепайвандад, инчунин, корҳои ба ҳаракати қатораҳои баландсуръат мутобиқ намудани қитъаи “Тошғузор – Бойсун – Қумқӯрғон”, барқикунонии роҳи оҳани “Қумқӯрғон – Қудуқли” оғоз мегардад. Дар самтҳои Тирмиз – Истанбул ва Тирмиз – Дубай хатсайрҳои нави ҳавоӣ ташкил мешаванд.

Автобусҳои нав харидорӣ шуда, ҳаракати онҳо дар хатсайрҳое, ки аз Шӯрчӣ, Денов, Сариосиё, Шеробод ва Бойсун ба Тирмиз мераванд, ба роҳ монда мешаванд.

Гуфта шуд, ки то охири сол лоиҳаи таъмини 56 ҳазор аҳолии ноҳияи Музработ бо оби нӯшокии марказонидашуда ба анҷом расонида шуда, ҳамчунин корҳои кашидани шабакаи партовоб ба маркази ноҳияҳои Музработ, Олтинсой, Ангор, Қизириқ ва Бойсун оғоз меёбад.

Қайд гардид, ки бо ҳамкорон роҳи ҳалли илмии масъалаи мураккаби технологии маҷмааи бузурги коркарди гази “25-солагии Истиқлолият” пайдо шудааст.

– Мо ҳам садамаро пешгирӣ мекунем ва ҳам лоиҳаеро оғоз менамоем, ки ба иқтисодиёти Сурхондарё такони бузург медиҳад, – гуфт Президенти кишвар.

Сарвари давлат ба имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳ намуда, зикр кард, ки дар вилоят зиёда аз 150 объекти мероси фарҳангӣ, аз ҷумла Ал-Ҳаким ат-Тирмизӣ, Султон Саодат, Кокилдор ота, Чилдухтарон мавҷуд аст. Ҳисор, Бойсунтоғ, Кӯҳитанг ва Боботоғ барои рушди кӯҳнавардӣ, треккинг ва экосайёҳӣ имкониятҳои бузург доранд. Қайд карда шуд, ки бо истифодаи пурраи ин имкониятҳо метавон солона то 1 миллиард доллар даромад ба даст овард.

Зикр гардид, ки ёдгории Тирмиз кӯҳна ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст. Бо истифода аз имкониятҳои сайёҳии ёдгориҳои марбут ба фарҳанги буддоӣ, аз ҷумла Фаёзтеппа, Қоратеппа, Далварзин ва Зурмала, метавон аз Ҷопон, Корея, Чин ва Таиланд солона то 500 ҳазор сайёҳро ҷалб кард.

Дар Сурхондарё зиёда аз 8 ҳазор ҷавонон пайваста ба гӯштин машғуланд. Супориш дода шуд, ки соли ҷорӣ дар назди истироҳатгоҳи “Замондош”-и Деҳнав барои гӯштигирон пойгоҳи муосири таълимӣ-машқӣ бунёд гардад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки аз соли нави таҳсил дар мактаб-интернати Бойсун дар баробари варзиш, дарсҳои мактабӣ низ ба роҳ монда шаванд.

Дар ҷамъомад бо фаъолон, ҷавонон ва пиронсолони вилоят мулоқот намуда, ҳисоботи ҳокимон ва масъулон шунида шуд. Сарвари давлат аз рӯйи назорати қатъии иҷрои вазифаҳои муайяншуда ва дар ҳар як самт ба даст овардани натиҷаҳои мушаххас супориш дод.