Дар солҳои охир соҳибкорӣ дар вилояти Сурхондарё босуръат рушд мекунад ва таваҷҷуҳи сармоягузорон ба минтақа торафт меафзояд.
Соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти умумии минтақавии вилоят ба 63,7 триллион сӯм расид. Шумораи корхонаҳои бузурги саноатӣ ба 30 адад ва корхонаҳои хурд ба 4820 адад расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 18,8 триллион сӯмро ташкил дод. Сармоягузории хориҷӣ ба маблағи 2,1 миллиард доллар азхуд карда шуд. Ба 37 кишвари ҷаҳон маҳсулот ва хизматрасонӣ ба маблағи 483 миллион доллар содир гардид.
Лоиҳаҳое, ки ба Сарвари давлат пешниҳод шуданд, соҳаҳои гуногуни иқтисоди вилоятро дар бар мегиранд. Ба истифода додани иншооти нав дар бахшҳои сохтмони манзил, кӯҳкорӣ ва геология, саноати сабук ва хӯрокворӣ, энергетика, тандурустӣ, фармасевтика, маориф, хизматрасонӣ ва туризм пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаҳо бо арзиши умумии тақрибан 1,6 миллиард доллар дар ҳамкорӣ бо Русия, Чин, Туркия, Покистон, Ҷопон, Олмон, Ҳиндустон ва Муғулистон амалӣ мешаванд.
Сарвари давлат бо сармоягузорон суҳбат анҷом дод.
Сипас бо иштироки намояндагони ҷомеа маросими оғози фаъолияти лоиҳаҳои дар Сурхондарё татбиқшуда ва оғози сохтмони лоиҳаҳои нав баргузор гардид. Сухан дар бораи 44 лоиҳа бо арзиши умумии 7,1 миллиард доллар меравад.
Бо пахши рамзии тугма Президент Шавкат Мирзиёев ба сохтмон оғоз бахшида, як қатор лоиҳаҳои навро дар соҳаҳои кӯҳкорӣ ва геология, саноати сабук, мебелсозӣ, саноати хӯрокворӣ, хизматрасонӣ ва туризм ба истифода дод.
Аз ҷумла, бо иштироки сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ аз Чин, Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон 13 лоиҳа бо арзиши умумии 741 миллион доллар ба фаъолият оғоз карданд.
Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо Австрия, Олмон, Нидерландия, Чин, Ҳиндустон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Русия ва Афғонистон корҳои сохтмонӣ аз рӯи 31 лоиҳа бо арзиши умумии 6,3 миллиард доллар оғоз гардиданд.
Татбиқи ин лоиҳаҳо имкон медиҳад 18 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 82 триллион сӯм истеҳсол ва молҳо ба маблағи 1,4 миллиард доллар содир карда шаванд.