Имрӯз дар мамлакат майдонҳое, ки дар онҳо технологияҳои сарфакунандаи об истифода мешаванд, ба 2,6 миллион гектар, яъне ба 60 фоизи заминҳои обёришаванда расидаанд. Барои муқоиса, то соли 2017 дар ҷумҳурӣ майдонҳои дорои технологияҳои сарфакунандаи об дар маҷмӯъ 19 ҳазор гектарро ташкил мекард. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо ҳар сол то 2,5 миллиард метри мукааб об сарфа мегардад.
Дар муаррифӣ пешниҳодҳои нав ҷиҳати боз ҳам густариш додани доираи ин корҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, то соли 2028 дар 930 ҳазор гектар замин насб кардани технологияҳои сарфакунандаи об ва ба 3,5 миллион гектар ё 80 фоизи тамоми заминҳои обёришаванда расонидани масоҳати чунин майдонҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷа, ҳамасола барои сарфаи 3,5 миллиард метри мукааб об, беҳтар намудани таъминоти оби 300 ҳазор гектар замин ва обёрии зироатҳои такрорӣ имкон фароҳам мегардад.
Захираҳои обе, ки дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об сарфа мегарданд, барои таъмини боэътимоди фермерҳое, ки дар минтақаҳои вазъи таъмини об душвор ҷойгиранд, замина фароҳам меоранд.
Барои ин, бобати ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ механизмҳои нави дастгирӣ аз ҷониби давлат роҳандозӣ мешавад.
Бахусус, бо назардошти вазъи сатҳи таъминоти заминҳо бо об муайян кардани меъёрҳои андоз барои захираҳои об ва миқдори субсидияҳо пешниҳод гардид. Масалан, ҳангоми ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об дар заминҳои обёришавандаи минтақаҳое, ки бо об устувор таъмин нестанд, субсидияҳо бо истифодаи коэффисиенти болоравандаи 1,25 ҳисоб карда мешаванд.
Ҳамчунин, барои ташаббускороне, ки бидуни гирифтани кредит аз бонк,
аз ҳисоби маблағҳои худ технологияҳои сарфакунандаи обро ҷорӣ менамоянд, низоми нави ҷудо намудани субсидияҳо роҳандозӣ мешавад. Дар ин ҳолат, дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-сметавӣ ва шартнома, ки бо корхонаи таъминкунанда оид ба татбиқи лоиҳа имзо шудааст, 50 фоизи маблағи субсидия аз ҷониби Агентии пардохтҳо дар соҳаи аграрӣ пешакӣ ҷудо карда мешавад.
Минбаъд барои майдонҳое, ки дар парвариши зироатҳои ғалладонаи хӯшаӣ технологияҳои обёрии қатрагӣ ва дискретиро ҷорӣ намудаанд, низ субсидия дода мешавад.
Фоизҳои кредитҳо, ки аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ барои харид ва сохтани технологияҳои сарфакунандаи об, ҷудо мегарданд, қисман ҷуброн карда мешаванд. Маблағҳои кредит барои ҷорӣ намудани технологияҳои обёрии қатрагӣ дар майдонҳои пахта ҳар сол аз моҳи ноябр ҷудо карда мешаванд.
Барои ташкилотҳои пудратие, ки технологияҳои сарфакунандаи обро насб мекунанд, барои ҳар як лоиҳа пешниҳоди кафолат ба муҳлати на камтар аз 2 сол ва хидматрасонии сервисӣ дар давоми 5 сол ҳатмӣ мегардад.
Ба масъалаҳои такмили назорати давлатӣ дар соҳа низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар нуқтаҳои обгирӣ бо мақсади беҳтар намудани идоракунӣ ва баҳисобгирии об, дар заминҳое, ки дар онҳо шолӣ парвариш карда мешавад ё хоҷагиҳои моҳипарварӣ фаъолият доранд, воситаҳои «ақлнок»-и ченкунӣ ва баҳисобгирии об насб мегарданд. Онҳо ба низоми иттилоотии «Ҳисоби об» ҳамгиро карда мешаванд.
Дар шуъбаҳои минтақавии Нозироти назорати бехатарии объектҳои хоҷагии об ва истифода аз об бахшҳои мониторинги технологияҳои сарфакунандаи об ва истифодаи об таъсис дода мешаванд. Тартибе роҳандозӣ мешавад, ки тибқи он санҷишҳои дар субъектҳои соҳибкорӣ татбиқшаванда бо истифода аз камераҳои ҳамроҳ сурат мегирад. Ба инспексия иҷозат дода мешавад, ки барои мониторинги истифодаи об ва пешгирии исрофи он дар майдонҳои кишти заминҳои кишоварзӣ аз ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) истифода намояд.
Ҳамзамон, зарурати тақвияти назорат бобати истифодаи мақсадноки технологияҳои сарфакунандаи об таъкид шуд. Дар заминҳое, ки технологияҳои сарфакунандаи об ҷорӣ гардида, субсидия ҷудо шудааст, истифода накардани ин технологияҳо ё қисмҳои асосии онҳо ва обёрӣ бо усулҳои анъанавӣ ҳамчун истифодаи худсаронаи об арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади пурзӯр намудани ҳифзи манфиатҳои фермерон дар ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об, аз пардохти боҷи давлатӣ озод кардани даъво ва аризаҳои марбут ба масъалаҳои технологияҳои сарфакунандаи об, ки аз ҷониби Нозироти «Сувхўжаликназорат» ва садоратҳои минтақавии он ба суд тақдим мегарданд, пешниҳод карда шуд.
Баланд бардоштани иқтидори кадрҳо дар соҳа – масъалаи муҳим.
Дар муаррифӣ, бо назардошти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, дар бораи нақшаҳо ҷиҳати омодасозии мутахассисон, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси онҳо дар самти ҷорӣ ва истифодаи технологияҳои сарфакунандаи об маълумот дода шуд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи «Мактаби обмонҳо» ихтисоси 10 ҳазор корманди хоҷагиҳои фермерӣ такмил дода шуда, 358 нафар корманди соҳаи хоҷагии об барои такмили ихтисос ба хориҷа фиристода мешаванд.