Дар ҷамъомад кори олимон ва коршиносони соҳа оид ба мушоҳидаи моҳи нави Рамазон, ҳисобҳои астрономӣ, маълумоти астрономӣ бодиққат таҳлил карда шуд.
Маълумоти бузургтарин идораҳои фатвои ҷаҳон ва донишкадаҳои бонуфузи астрономӣ низ ба таври муфассал баррасӣ шуд.
Уламои давлатҳои туркӣ бар асоси аҳкоми фиқҳ ҳисобу китоби астрономӣ ва мушоҳидаҳои астрономиро ба эътибор гирифта, якдилона ба ин назаранд, ки рӯзи аввали моҳи Рамазон дар соли 1445 ҳиҷрӣ ба рӯзи душанбеи 11 марти соли 2024 рост меояд.
Хидмати матбуоти Идораи мусулмонони Ӯзбекистон.