Дар ин бора хидмати матбуоти Кумита оид ба корҳои динӣ хабар додааст.
Мутобиқи он, акнун довталабон метавонанд барои навбатдории электронӣ дар ду шакл, яъне тавассути портали ягонаи интерактивии хидматҳои давлатии www.my.gov.uz ва www.haj-umra.gov.uz сабти ном шаванд.
Ин портал ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки бидуни аз хона берун рафтан ва гузаштан аз расмиёти бюрократӣ, аз қабили расмисозии ҳуҷҷатҳо ва тамос бо созмонҳои зарурӣ, сабти ном шаванд. Лойиҳа барои таъмини шароити мусоид, шаффофӣ ва ошкороӣ ҳангоми ташкили сафарҳои Ҳаҷ ва Умра нигаронида шудааст.








