Барои мавсими “Ҳаҷ –2026” тартиби нав ҷорӣ карда шуд

    Буриши иҷтимоӣ 17 Oktabr 2025 3187

    Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Вазорати Ҳаҷ ва Умра барои мавсими “Ҳаҷ-2026” низоми нав ҷорӣ намуд.

    Дар ин бора Хидмати матбуоти Кумитаи корҳои динӣ хабар додааст.

    Тибқи маълумот, Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ ҳамаи вазорату идораҳоеро, ки бо сафари ҳаҷ машғуланд, вазифадор намудааст, ки ҳар як зиёраткунандаро ба таври ҷиддӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронанд ва муайян намоянд, ки шахс дорои бемориҳое ҳаст ё не, ки ӯро барои анҷом додани ҳаҷ нолоиқ мегардонанд.

    Бар асоси он, минбаъд танҳо ба он зиёраткунандагоне, ки аз платформаи “Nusuk” дар бораи тандурустии худ гувоҳномаи тиббӣ гирифтаанд, раводиди (визаи) ҳаҷ дода мешавад. Таъкид гардидааст, ки ин талабот бо мақсади таъмини амният ва сиҳатии ҳоҷиён ҷорӣ шудааст.

    Дар изҳорот омадааст, ки шахсони гирифтори бемориҳои зерин ба сафари ҳаҷ роҳ дода намешаванд:

    – норасоии гурда, ки ба диализ ниёз дорад;

    –норасоии дил, ки ҳатто дар ҳолати шиддати ҷисмонии ночиз пайдо мешавад;

    – бемориҳои музмини шуш, ки ниёз ба оксигени доимӣ ва даврӣ доранд;

    – марҳилаи вазнини сирроз бо нишонаҳои норасоии ҷигар;

    – ихтилолҳои шадиди равонӣ ва асаб;

    – бемориҳои деменсияи синнӣ;

    – се моҳи охири ҳомилагӣ ва дигар ҳолатҳои хавфноки обистанӣ;

    – бемориҳои сироятии фаъол (аз ҷумла, сил дар шакли кушод, табҳои хунрав ва ғайра);

    – бемориҳои саратонӣ дар ҳолати фаъол, ки табобати кимиёвӣ ё дигар муолиҷаҳои коҳиши масуният мегиранд.

    Агар ин талабот вайрон гардад ё маълумоти бардурӯғ пешниҳод шавад, чораҳои дахлдор андешидани Вазорати Ҳаҷи Саудӣ муқаррар гардидааст.

    Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои “Ҳаҷ” ва “Умра” дар ҷумҳурӣ тамоми зиёраткунандагонро ба риояи комили ин талабот даъват намуда, таъкид кардааст, ки ин меъёрҳо ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии иштирокдорони ҳаҷ равона шудаанд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates