Таэквондочӣ Ҷасур Ҷайсунов -- ноиб-чемпиони мусобиқаи "Тоскулоҳи бузрг"

    Варзиш 18 Dekabr 2023 979

    Дар Вуси Чин мусобиқаи бузурги оид ба таэквондо WT аз силсилаи "Тоскулоҳи бузург" ба анҷом расид. Боиси хушнудист, ки намояндаи мо Ҷасур Ҷайсунов дар вазни -80 кг соҳиби ҷоизаи нуқра гардид.

    Давраи 1-умро Ҷайсунов озодона гузашт. Дар чорякфинал таэквондочии мо бар қаҳрамони Олимпиадаи Токио-2020 Максим Храмтсов ва дар даври ниманиҳоӣ Мирҳошим Ҳусейн аз Эрон пирӯзӣ ба даст овард. Дар бозии ҳалкунанда Ҷайсунов бар зидди эронии дигар – Меҳрони Бархордорӣ ба даян баромад. Мутаассифона, варзишгари мо аз рақибаш бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

    Ҳамин тариқ, Ҷасур Ҷайсунов дар ин мусобиқаи "Тоскулоҳи бузрг" соҳиби ҷои 2-юм шуд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates