Мувофиқи моддаи 101 Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон номзадии сенатор Танзила Норбоеваро барои вазифаи Раиси Сенати Олий Маҷлис пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки Танзила Нарбоева таҷрибаи бойи корӣ дар соҳаи идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ дорад ва дар давраи фаъолияти самаранокаш дар ин вазифа вазъи ҳуқуқҳои занон ва кӯдакон дар кишвар ба таври назаррас беҳтар шуд.
Ҳамзамон, ба вазифаи муовини аввали Раиси Сенат номзадии сенатор Содиқ Сафоев ва ба вазифаи муовини Раиси Сенат номзадии сенатор Амонбай Оринбаев пешниҳод шуданд.
Ҷаласа идома дорад. Баррасии масъалаҳои марбут ба ташкили фаъолияти Сенат ва муколамаи Президент бо сенаторҳо оғоз ёфт.