Зимни санҷиш ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба чорабинӣ, ғанӣ гардондани барномаи тиҷоратии ярмарка, инчунин таъмини самаранокии он бо дарназардошти ҷалби соҳибкорону истеҳсолкунандагони ватанӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ба роҳ мондани кооператсияи саноатӣ ва маҳаллисозии маҳсулоте, ки дар бозори дохилӣ серхаридоранд, супоришҳои мақсаднок дода шуданд.

Аз ҷумла, ба Маркази рушди лоиҳаҳои сармоягузории назди Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ супориш дода шуд, ки барои соҳаҳо ва минтақаҳо бо ҳисобҳои пешакии техникӣ-иқтисодӣ, ки дар асоси таҳлили амиқи иқтидори саноатӣ, конюктураи бозори дохилӣ, инчунин талаботи истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ба ашёи хом ва лавозимот  ташаккул ёфтааст, пешниҳодҳои мушаххаси сармоягузорӣ омода намояд. Ин имкон медиҳад, ки ҳамкории мутақобила бо соҳибкорон ва ташаббускорони эҳтимолии лоиҳаҳо дар ҳошияи намоишгоҳ мушаххас карда шуда, имконоти ҳамкорӣ дар лоиҳаҳои мушаххас ба таври муфассал баррасӣ карда шавад.

Ба роҳбарони иттиҳодияҳои соҳавӣ ва маъмуриятҳои минтақавӣ зарурати омода намудани маводи иттилоотӣ дар формати мултимедиявӣ зикр гардид, ки иқтидори сармоягузорӣ ва истеҳсолии ҳар як соҳаро кушода дода, ба ҳамкории интерактивӣ бо аудиторияи мақсаднок таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Таваҷҷӯҳи махсус ба чораҳои дастгирии иттилоотии чорабинҳо ва тарғиби ярмарка тавассути захираҳои интернетӣ ва воситаҳои ахбори оммавии электронӣ дода шуд.

Дар тартиби алоҳида зарурати риояи тамоми тадбирҳои пешбинишудаи санитарию эпидемиологӣ бо мақсади таъмини амнияти иштирокчиён ва меҳмонони чорабинӣ таъкид гардид.

Аҳамияти дар сатҳи баланди ташкилӣ ва мазмуну мундариҷа гузарондани чорабинӣ бо мақсади таъмин намудани самараи максималии он таъкид шуд. Таъкид гардид, ки ярмарка бояд як фазои муттаҳид гардад, ки дар он истеҳсолкунандагон тавонанд робитаҳои мустақим барқарор кунанд, лоиҳаҳои ояндадорро барои худ муайян кунанд, имконоти татбиқи онҳоро баррасӣ намоянд, дар таҳияи нақшаҳои тиҷорат ва асосҳои техникӣ-иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои марбут ба маблағгузорӣ дастгирӣ ёбанд ва дар бораи шарикӣ  созишномаҳои қатъӣ ба даст оваранд.

Интизор меравад, ки чорабинӣ ба рушди саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами истеҳсолот дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар такон бахшида, дар оянда ба як минбари доимии доираҳои саноатии Ӯзбекистон табдил хоҳад ёфт, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.