Тошканд ба Намоишгоҳ-ярмаркаи анъанавии байналхалқии китоб омодагӣ мебинад

    2-4 ноябр дар пойтахти Ўзбекистон Намоишгоҳ-ярмаркаи III анъанавии байналхалқии “Tashkent Book Fest – 2022” баргузор мегардад.

    Дар чорабинӣ ширкатҳо ва созмонҳои байналмилалии табъу китобфурӯшӣ, ассотсиатсияҳои хориҷии ноширон ва паҳнкунандагони китоб, созмонҳои марбут ба таблиғ ва тарғиби китоб, муассисаҳои иттилоотӣ ва китобхонавӣ ширкат хоҳанд кард.

    Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби китобхонӣ, дастгирӣ ва рушди мероси адабии кишварҳои иштирокчӣ, ташаккули фарҳанги китобхонӣ, омӯзиши таҷрибаи саноати полиграфии ҷаҳонӣ ва барқарор намудани робитаҳои байналмилалӣ байни ноширони китоб ва паҳнкунандагони китоб, муассисаҳои иттилоотию китобхонавӣ ва ташкилотҳое, ки бо китоб ва хониш машғуланд.

    Инчунин дар доираи намоишгоҳ-ярмаркаҳо муаррифии навгониҳои китоб ва мулоқот бо муаллифон, вохӯриҳои эҷодӣ бо фарҳангиён, семинарҳо ва дарсҳои маҳорат, озмунҳои китоб, таблиғ ва тренингҳо, инчунин барномаҳои гуногуни фарҳангӣ дар назар аст.

    Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи 1-уми байналмилалии китоб дар Тошканд 2-4 октябри соли 2019 ва 2-юмин Намоишгоҳи байналмилалии китоб 16-18 декабри соли 2020 баргузор шуданд. Дар чорабиниҳо намояндагони нашриётҳо ва ташкилотҳои фурӯши китоб аз Белгия, Бритониёи Кабир, Олмон, Қазоқистон, Исроил, Ҳиндистон, Қирғизистон, Русия, Туркия, Фаронса, инчунин беш аз 30 нашриёту ташкилотҳои савдои китоби давлатӣ ва хусусии Ӯзбекистон иштирок карданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates