Коршиносони байналмилалӣ пешгӯӣ мекунанд, ки вазъи душвори кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ муддати тӯлонӣ идома хоҳад кард. Ин, албатта, ба нархҳои дохилӣ, хусусан ба маҳсулоти озуқаворӣ, ба инфлятсия таъсири манфӣ нарасонда наметавонад.

Ин ҳолат дар ҷамъомадҳои Президент мунтазам мавриди таҳлил қарор гирифта, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ин натиҷаи худро дод – вазъият дар бозори дохилӣ муътадил аст.

Аз ҷумла, ба баланд шудани нархи гӯшт, шир, картошка, тухм ва биринҷ роҳ дода нашуд. Дар биржаи молу ашёи хом ҳаҷми ба намоиш гузоштани маҳсулоти озуқавории таъминкунандагони хориҷӣ васеъ гардид. Бозори асъор ва қурби асъор муътадил гардид.

– Мардуми мо набояд дар ин бобат ташвишу изтироби зиёдатӣ дошта бошад. Мо захираҳои кофӣ дорем, то аз тағйирёбии шадид дар бозори асъор ҷилавгирӣ кунем, – гуфт сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки дар моҳи Рамазон коҳиш додани нархи маводи ғизоӣ кори хайр аст, ки барои ин ба соҳибкорон ёрии амалӣ расонидан зарур аст. Бо ин максад то охири сол муҳлати имтиёзҳо ба маблағҳое, ки барои воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ҷудо карда мешаванд, дароз карда шуд.

Таҳти сарварии Сарвазир ситоди ҷумҳуриявӣ ва  роҳбарии ҳокимон ситодҳои минтақавӣ таъсис дода шуданд.  Ба онҳо супориш дода шуд, ки нархҳои бозорро ҳаррӯза таҳти назорат гирифта, оиди иловагӣ интиқол додани маҳсулот бо назардошти талаботи истеъмолкунандагон чораҳо андешанд. Вазифа гузошта шуд, ки аз болои номгӯи молҳои озуқа ва ашёи хом дар биржа назорати ҳаррӯза муқаррар карда, ба болоравии сунъии нарх роҳ надиҳанд.

 – Ҳоло ҷаҳон давраи душворро аз cap гузаронда истодааст, мо ҳар рӯз ба душвориҳои нав дучор меоем. Аммо набояд интизор шуд, ки фардо чӣ мешавад. Мо бояд мушкилотро зуд муайян ва ҳал кунем, имкониятҳои нав пайдо кунем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Барои кам кардани таъсири хатарҳои беруна тадбирҳои иловагии дастгирии соҳибкорон муайян карда шуданд.

Аз ҷумла, банкҳо ба соҳибкорон барои харидани ашёи хом ва пур кардани муомилот ба таври илова ба маблағи 10 триллион сӯм карзи «револверӣ» медиҳанд. Ҳам ҳаҷм, ҳам ставкаҳои имтиёзноки қарзҳое, ки дар доираи барномаи давлатӣ барои меваву сабзавот, соҳибкории оилавӣ ҷудо карда мешаванд,  инчунин вомҳои ипотекӣ ва таълимӣ нигоҳ дошта мешаванд.

– Ҳар қадар душвор бошад хам, мо маблағро коҳиш намедиҳем ва сарбориро зиёд намекунем, – гуфт Президент.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки то охири сол тибқи механизмҳои нави маъмурияти андоз ҷаримаҳо татбиқ карда нашаванд, инчунин мӯҳлати имтиёзҳои гумрукӣ дароз карда шаванд.

Дар ҷамъомад ба натиҷаҳои Форуми сармоягузории Тошканд дахл карда шуд.

Дар рафти форум ба маблағи қариб 8 миллиард доллар шартномаю созишномаҳо баста шуданд. Бисёре аз соҳибкорони хориҷӣ хоҳиши оғоз ё рушди тиҷорати худро дар кишвари мо баён кардаанд.

Зимнан зикр гардид, ки барои сармоягузорон барои татбиқи пурраи созишномаву ташаббусҳои мазкур тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Роҳбарони соҳаҳои иқтисодиёт вазифадор карда шудаанд, ки бо ширкатҳои хориҷӣ дар бораи ба занҷири истеҳсолии онҳо ҳамроҳ кардани онҳо гуфтушунид кунанд. Зарурати созмон додани минтақаҳои савдои умда дар вилоятҳои Навоӣ, Самарқанд, Тошканд, Бухоро ва Сурхондарё таъкид гардид, ки онҳо маҳсулотро ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя интиқол диҳанд.

Оид ба кам кардани хароҷот дар вилоятҳо ва соҳаҳо, боздоштани хароҷот барои таъмир, харидани автомашинаҳо, мебел ва лавозимоти офис дастурҳои қатъӣ дода шуд.

Дар вазъияти ноустувори имрӯзаи бозори байналмилалии молиявӣ ҷалби маблағ аз хориҷи кишвар мушкилтар мешавад. Дар чунин шароит роҳи дурусттарин оқилона ва самарабахш истифода бурдан аз захираҳои мавҷуда мебошад, қайд гардид дар ҷамъомад.

Масалан, то имрӯз маблағҳои бинобар 105 лоиҳа ба миқдори 9 миллиард доллар ҷалбшуда истифода намешаванд ё суст азхуд карда мешаванд.

Ба ин муносибат ба муовини Сарвазир супурда шуд, ки якҷоя бо роҳбарони соҳаҳо ва ҳокимон ҳар як лоиҳаро нуктасанҷона омӯзанд, татбиқро тезонанд, лоиҳаҳои бесамар ва беистиқболро боздоранд.

Дар ҷамъомад ба масъалаҳои таъмини шуғли аҳолӣ диққати махсус дода шуд.

– Ин масъаларо на танҳо ҳамчун нишондиҳандаи иқтисодӣ, балки аз нигоҳи ҳифзи иҷтимоии мардуми мо низ бояд баррасӣ кард, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Нишондиҳандаҳои созмон додани ҷойҳои кор аз рӯи вилояту ноҳияҳо таҳлил карда, камбудиҳо нишон дода шуданд.

То имрӯз 67 намуди фаъолият ба шаклҳои худкорӣ гузаронда шудааст. Зимнан зикр гардид, ки теъдоди чунин касбҳо ба 20 адад расонида мешавад, ки имкони ба таври иловагӣ бо кор таъмин кардани 150 ҳазор нафарро фароҳам меорад.

Ба ҳукумат супориш дода шуд, ки миқёси дастгирии иҷтимоии аҳолии эҳтиёҷмандро васеъ намояд.

Оид ба масъалаҳои баррасишуда маълумоти шахсони масъул шунида шуд.