Ҷасади шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон ба ҳалокат расидаанд, тавассути ҳавопаймои вазорати мудофиа ба Тирмиз оварда шуд.

    Бехатарӣ 5 Aprel 2024 2897

    Имрӯз экипажи ҳавопаймои нақлиёти ҳарбии Неруҳои ҳавоии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон ҷасади ҳашт нафарро, ки дар натиҷаи садама дар вилояти Актюбеи Қазоқистон ҳалок гардиданд, ба Тирмиз интиқол дод. Дар ин бора хидмати матбуоти Вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Ўзбекистон хабар медиҳад.

    «Ҳавопаймо бо ҷасадҳои ҳалокшудагон 5 апрел соати 3:00 ба фурудгоҳи байналмилалии Термиз расид. Дар ҳоли ҳозир маъмурияти маҳаллӣ ба маросими дафн омодагӣ мебинанд”, - қайд мешавад дар гузориш.

    Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3-юми апрел дар шоҳроҳи "Самара-Чимкент" бо иштироки як мошини боркаши тамғаи Volvo ва Toyota-Аlhpard садама рух дода, дар натиҷа ронандаи микроавтобус ва 7 мусофираш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Узбакистон буданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates