Тибқи натиҷаҳои моҳҳои январ-октябри соли 2022 ҳаҷми савдои хориҷии Ӯзбекистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 15,2 фоиз афзуда, ба 5,9 миллиард доллар расид, ки 14,6 фоизи ҳаҷми умумии савдои хориҷиро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, содироти Ӯзбекистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 2,5 миллиард доллар (афзоиш 16,2 фоиз), воридот 3,4 миллиард долларро (афзоиш 14,4 фоиз) ташкил дод.
Дар қисмати кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондиҳандаҳои савдои хориҷии Ӯзбекистон чунинанд:
- табодули мол бо Қазоқистон – 3,7 миллиард доллар (афзоиш 17,7 фоиз), аз он ҷумла содирот – 1,1 миллиард доллар, воридот – 2,6 миллиард доллар;
- табодули мол бо Қирғизистон – 989,9 миллион доллар (афзоиш 28,0 фоиз), аз он ҷумла содирот – 772,8 миллион доллар, воридот – 217,1 миллион доллар;
- табодули мол бо Туркманистон – 614,1 миллион доллар, содирот – 170,6 миллион доллар, воридот – 443,5 миллион доллар;
- муомилоти мол бо Тоҷикистон – 539,8 миллион доллар (афзоиш 13,2 фоиз), содирот – 405,6 миллион доллар, воридот – 134,2 миллион доллар.
Дар муомилоти молии Ӯзбекистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 63 фоиз ба Қазоқистон, 17 фоиз ба Қирғизистон, 11 фоиз Туркманистон ва 9 фоиз Тоҷикистон рост меояд.