Президенти ИМА Доналд Трамп дар мусоҳиба бо NBC News гуфтааст, ки ба зудӣ оид ба Русия «баёнияи муҳим» ироа хоҳад кард.
Ба гуфтаи ӯ, вай «аз Русия ноумед шудааст». «Аммо мебинем, ки дар чанд ҳафтаи наздик чӣ рӯй медиҳад», — афзуд Трамп.
«Ба фикрам рӯзи душанбе ман дар бораи Русия изҳороти муҳим медиҳам», — гуфт раҳбари Кохи сафед, аммо ҷузъиёташро шарҳ надод.
Трамп инчунин ҷузъиёти «созишномаи нав»-ро байни ИМА, НАТО ва Украина оид ба таҳвили силоҳи амрикоӣ фош кард. Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи он меравад, ки ИМА аввал ба НАТО силоҳ мефиристад, сипас НАТО онро ба Украина интиқол медиҳад ва маблағи пурраи онро пардохт мекунад.
Ба гуфтаи президент, ин созишнома дар нишасти НАТО дар моҳи гузашта ба даст омада буд, хабар медиҳад rbc.ru.
«Мо ба НАТО силоҳ мефиристем ва НАТО арзиши пурраи ин силоҳро ҷуброн мекунад», шарҳ дод Трамп.