Президенти Амрико Доналд Трамп, дар ин бора зимни посух ба суолҳои хабарнигорон дар майдони ҷанубии Кохи Сафед қабл аз парвоз ба Канада, ки дар он ҷо раҳбарони “Ҳафтгона” (Бритониё, Олмон, Итолиё, Канада, Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва Ҷопон) нишасте баргузор мекунанд, изҳори назар кард.
"Умедворам, ки [байни Исроил ва Эрон] созиш ҳосил хоҳад шуд. Фикр мекунам, ки вақти тавофуқ расидааст" гуфт ӯ. "Аммо баъзан бояд ҷанг ҳам кард" илова кард Трамп бо ишора ба имкони идомаи муҳориба.
Вай таъкид кард, ки барои расидан ба созиш "тамоми имконот вуҷуд дорад”.
Президент итминон дод, ки Вашингтон кумаки мудофиавӣ ба Исроилро идома хоҳад дод.
Трамп аз посух ба суол дар бораи он ки оё вай аз давлати яҳудиён дархост кардааст, ки ҳамла ба Эронро бас кунад, худдорӣ кард.
Раҳбари маъмурияти Вошингтон қаблан ба истиқрори зудамали сулҳ миёни Эрон ва Исроил изҳори итминон карда, таъкид карда буд, ки дар ҳоли ҳозир дидору гуфтугӯҳои телефонӣ бо ин мақсад сурат мегирад. Ӯ дар бораи ҷузъиёт ҳарф назад, хабар медиҳад report.az.