Дар ин бора DW хабар дод.
Ҳодиса дар наздикии шаҳри бандарии Картахенаи ҷанубу шарқи Испания рух додааст.
Тибқи маълумоти ширкати роҳи оҳани “Renfe”-и Испания дар натиҷаи ҳодиса чанд нафар ҷароҳатҳои сабук бардоштанд.
Намояндаи ширкат таъкид кард, ки кран ба оператори роҳи оҳан тааллуқ надорад.
Тибқи маълумоти хадамоти наҷотдиҳӣ, ҳодисаи нохуш дар шаҳри Алумбрес рух додааст. “Renfe” таъкид намуд, ки бархӯрд боиси аз релс баромадани қатораи байнишаҳрӣ нашудааст.
18 январ дар вилояти Кордоваи Испания қаторае, ки аз Малага ба Мадрид мерафт, аз релс баромада буд. Қатора ба роҳи дигар гузашта, дар натиҷа қатораи дигар аз релс баромада рафт.
Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи он ҳодиса 42 нафар ҳалок ва дастикам 484 мусофир захмӣ шуданд.
Рӯзи сешанбе, 20 январ, дар наздикии Барселона қатораи байнишаҳрӣ ба харобаҳои девори фурӯрафта бархӯрд. Дар натиҷа корманди оператори қатораи байнишаҳрии “Rodalies de Catalunya” ҳалок шуда, боз 37 мусофир ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад nur.kz.