Ин мулоқот дар бинои намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар он намояндагони муассисаҳои таълимии пешрафтаи ду кишвар ширкат доштанд.
Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия Қ.Шарифов аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм қайд кард. Сардори Намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ирина Старосельская бар зарурати таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои мавҷудаи ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Тотористон таъкид кард.
Дар чорабинӣ оиди ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов, Донишкадаи тиббии Қароқалпоқистон, Донишкадаи политехникии Фарғона ва Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа меморандум имзо гардид.
Интизор меравад, ки ин меморандумҳо ба фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди фаъолияти таълимӣ ва илмӣ байни донишгоҳҳои ду кишвар хизмат мекунанд.