Бонки марказии Венгрия таҷрибаи Ӯзбекистонро дар соҳаи низомҳои пардохт омӯхта истодааст

    Молия 7 Avgust 2025 531

    Дар Бонки марказии Ӯзбекистон бо ҳайати Бонки марказии Венгрия мулоқот баргузор гардид. Ҳадафи асосии сафари ин ҳайат шиносоӣ бо раванди рушди низомҳои пардохт ва зерсохтори молиявии рақамӣ дар Ӯзбекистон, инчунин мубодилаи таҷриба буд.

    Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои дастрасии молиявӣ, амнияти киберӣ, ҷорӣ намудани ҳалли инноватсионии пардохтӣ ва лоиҳаҳое, ки бо иштироки бахши хусусӣ амалӣ мегарданд, баррасӣ шуданд.

    Илова бар ин, ҳайати Венгрия аз як қатор бонкҳо ва ташкилотҳои пардохтии маҳаллӣ боздид намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates