Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки марказӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, ки тангаҳо бо вазни 31,1 грамм дар ду намуди тарҳ таҳия шудаанд. Ҳамчунин, маҷмӯаҳои сувенирӣ, ки аз се танга бо чунин вазн иборатанд, низ пешниҳод гардидаанд.

Тангаҳо аз тилло ва нуқраи маҳаки 999,9-дараҷа сохта шуда, дорои арзиши баланди коллексионӣ мебошанд. Дар онҳо тасвири Соҳибқирон Амир Темур акс ёфтааст, инчунин иқтибосҳо аз «Тузукоти Темур» ҳаккокӣ шудаанд.

Гуфта шудааст, ки дар давоми рӯз нархи тангаҳо вобаста ба тағйироти бозори байналмилалии металлҳои қиматбаҳо нав хоҳад шуд. Маълумот дар бораи нархи ҷорӣ ва мавҷудияти онҳо ҳар рӯз дар манбаъҳои расмии Бонки марказӣ нашр мегардад.