Дар ҷараёни мулоқот масоили тарғиби васеи иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон, ташрифҳои дуҷониба ва ташкили барномаҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ин соҳа муҳокима гардид.
Ҷониби АМА иқтидори ғании фарҳангӣ, таърихӣ ва табиии сайёҳии Ӯзбекистонро баланд арзёбӣ кард. Аз ин рӯ, изҳор дошт, ки ният дорад дар Ярмаркаи байналмилалии туризми “Сайёҳӣ дар Роҳи Абрешим”, ки рӯзҳои 27–29 ноябри соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, бо гӯшаи махсус ширкат намояд.
"Инчунин, мо ният дорем дафтари минтақавии ширкати худро барои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд боз кунем, - иброз дошт Муҳаммад Абдулмавло Мӯсо Ҳамад. – Барои оғози амалии кор омодаем, ки дар ҷараёни сафар бо ширкатҳои бузурги сайёҳии Ӯзбекистон робита барқарор кунем. Ғайр аз ин, мо метавонем барои донишҷӯёне, ки дар Ӯзбекистон дар бахши сайёҳӣ таҳсил мекунанд, дар шаҳри Дубай курсҳои таҷрибаомӯзии 15-рӯза ташкил кунем."
Ҷонибҳо ҳамчунин барои баргузор намудани чорабиниҳои таблиғотии муштарак ҷиҳати афзун намудани шумораи сайёҳон аз АМА ба Ӯзбекистон ва таҳияи барномаҳои муштараки омӯзишию таҷрибаомӯзӣ дар самти тайёр кардани кадрҳо ба мувофиқа расиданд.