Гурӯҳи эҷодии шабакаи телевизионии RTM -и Малайзия дар бораи Бухоро филми мустанад ба навор гирифт

    Сайёҳӣ 21 Avgust 2024 1116

    Ба мақсади васеъ тарғиб намудани иқтидори сайёҳии Ўзбекистон дар хориҷ ва боз ҳам афзоиш додани шумораи сайёҳон аз Малайзия, гурӯҳи эҷодии шабакаи телевизионии RTM Malaysia дар бораи иқтидори сайёҳии зиёратӣ дар Бухоро филми мустанад таҳия намуданд.

    Дар филм Баҳовуддини Нақшбанд, Исмоили Сомонӣ, қалъаи Арк, марказҳои хурди “Устод-шогирд” ва дигар маконҳои муқаддас нишон дода шудааст.

    «Ин филми мустанад аз 10 қисм иборат буда, 2 қисмаш ба Бухоро бахшида шудааст. Зеро мо медонем, ки Бухоро маркази ислом аст ва ман фикр мекунам, ки ин филми мустанад, ки дар моҳи Рамазон намоиш дода мешавад, ба тамошобинони Малайзия писанд хоҳад омад”, - гуфт продюсери канали телевизионии RTM Аҳмад Файзал бин Муҳаммад.

    Лоиҳа аз ҷониби Кумитаи сайёҳии назди Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим амалӣ карда мешавад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates