Ба иттилои канали ин ниҳод дар Telegram, шиддати зилзила мувофиқи арзёбиҳои мухталиф ба 8,7 балл расидааст, ки он шадидтарин зилзила дар минтақаи сейсмикии Камчатка аз соли 1952 ба ин сӯ мебошад.
Пас аз зилзила, хатари сунамӣ эълон гардид. Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Русия, сунамии шадид дар соҳилҳои Камчатка ва шаҳри Северо-Курилски вилояти Сахалин мушоҳида шудааст. Инчунин, дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Ҷопон, Ҳавайи, ИМА, Мексика ва Чилӣ низ хатари сунамӣ эълон шудааст, хабар медиҳад meduza.io.








