Қарор мувофиқи Қонун “Дар бораи омори расмӣ”  (№  ҚҶӮ-707   аз 11.08.2021) қабул гардид. Молиёти Барномаи оморӣ дар соли 2022 аз ҳисоби маблағи тахсисшудаи буҷаи давлатӣ ба Кумитаи давлатӣ ба амал бароварда мешавад.

Тавассути ҳуҷҷати мазкур инчунин баъзе тағйирот ва иловаҳо ба баъзе асноди қонунгузорӣ дохил карда шуд:

аввало, сархатҳои 2, 3 б. 19 Низом дар бораи Кумитаи давлатии омор (Иловаи 1 ба ҚДВ № 690 аз 2 сентябри соли 2017) мувофиқи таҳрири нав илова карда шудааст. Мувофиқи он раиси Кумитаи давлатии омор ду ҷонишин дорад, ки ба ин вазифа таъин кардан ва аз вазифа  озод кардани онҳо аз тарафи Президент ба амал бароварда мешавад.  Инчунин, раис, аз рӯи мақом баробар ба вазир, ҷонишинҳои ӯ дар сатҳи мақоми ҷонишини вазир мешаванд;  

дуюм, Маркази бозомӯзии кадрҳо ва муҳаққиқони соҳаи омор номи Донишкадаи бозомӯзии кадрҳо ва муҳаққиқони соҳаи оморро гирифт;

сеюм, Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани санҷиш (аудит)  бо истифода аз  усул ҳои (методика)-и ихтироъкорони омори расмӣ (замимаи 1 ба ҚДВ №690 аз 06.11.2020) сар то по дар таҳрири нав омадааст.   Мувофиқ ба таҳрири нав истилоҳоти дар Низомнома истифодашуда тағир ёфтааст. Дар таҳрири пешина истилоҳоти “ишлаб чиқарувчи” (истеҳсолкунанда) ва “методология” дар таҳрири нав –“тайёркунанда” (таёрловчи) ва “услубиёт” истеъмол шудааст.

Дигар таҳирот ҳам илова шудааст.

Ҳуҷҷати мазкур дар Базаи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ ба табъ расидааст ва аз таърихи 08.02.2022 амал мекунад, хабар медиҳад «Norma».