Миқдори ҷуброн барои бензине, ки ба тоифаҳои алоҳидаи шахсон дода мешавад, зиёд карда шуд

    Энергетика 28 May 2024 2271

    Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Ўзбекистон, барои пӯшондани як қисми хароҷот барои хариди бензин ҷуброни ҳармоҳаи пулӣ ба тоифаи шахсони ҷудогона ҷудо карда мешавад.

    Бо қарори Комиссияи байниидоравии тарифии назди Девони Вазирон аз 15 майи соли 2024 ҳаҷми нави ҷуброни пулӣ муқаррар карда шуд.

    Андозаи ҷуброни ҳармоҳаи пулӣ аз семоҳаи дуюми соли 2024 128 700 сӯм муқаррар шудааст.

    Бояд гуфт, ки маблағи ҷуброни бензин дар семоҳаи дуюми соли 2023 116 ҳазору 180 сӯмро ташкил дода, 55 фоиз афзуда, дар семоҳаи сеюм – 119 640 сӯм, дар семоҳаи чорум – 120 660 сӯм, аз семоҳаи якуми соли 2024 — 124 780 сӯмро ташкил дод.

    Ҷубронпулӣ барои бензин аз ҷониби ҶС «Ўзбекнефтегаз» бо маблағ таъмин карда мешавад.

    Хотиррасон менамоем, ки шахсоне, ки ба гирифтани ҷуброн ҳуқуқ доранд, метавонанд ба мақомоти таъинкунандаи нафақа ва кумакпулӣ дар ҷои истиқоматашон муроҷиат кунанд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates