Вазири илм, таҳсилоти олӣ ва инноватсияи Қирғизистон барои рондани мошин дар ҳолати мастӣ аз кор барканор шуд

    Вазири илм, таҳсилоти олӣ ва инноватсияи Қирғизистон Бахтиёр Орозов ҳангоми рондани мошин дар ҳолати мастӣ боздошт шуд. Дар ин бора воситаҳои ахбори оммавӣ бо истинод ба мақомоти Сарсадорати бехатарии ҳаракати нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар доданд.

    Бино ба маълумоти манбаъҳо, Бахтиёр Орозов шаби 15 декабр аз ҷониби кормандони Садорати бехатарии ҳаракати роҳи вилояти Чуй дар деҳаи Кой-Тош бо гумони ронандагӣ дар ҳолати мастӣ боздошт шудааст.

    Ҳангоми муоина шифокорон мавҷудияти машруботро дар бадани ӯ тасдиқ карданд. Худи Бахтиёр Орозов дар видео гуфт, ки ду бакал пиво нӯшидааст.

    Сарсадорати бехатарии ҳаракати нақлиёти Вазорати корҳои дохилӣ боз маълумоти иловагиро эълон хоҳад кард.

    Бахтиёр Орозов моҳи майи соли ҷорӣ вазири илм, таҳсилоти олӣ ва инноватсия таъйин шуда буд. То ҳол ӯ дар вазифаҳои муовини аввали вазири таълим ва илм ва муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Қирғизистон кор кардааст, хабар медиҳад 24.kg.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates