Ўзбекистон – Озарбойҷон: пешомади рушди ҳамкорӣ дар нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид

    Нақлиёт 1 Avgust 2022 1435

    Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусамат Мўминов бо муовини раиси раёсати ҶСП "Роҳҳои оҳани Озарбойҷон" Иқбол Али ўғли Гусейнов мулоқот орост.

    Дар мулоқот дурнамои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ шуд.

    Масъулин динамикаи мусбати рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар ин самт махсусан қайд карданд.

    И.Гусейнов қайд кард, ки мутобиқи созишномаҳо оид ба рушди масири байналмилалии мултимодалии «Минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором – Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Озарбойҷон – Гурҷистон – Туркия – Аврупо» байни кишварҳои мо ставкаҳои тарифии ягонаи транзитӣ муқаррар гардида, шартҳои интиқоли мол бинобар хатсайри мазкур муайян шуданд.

    Зимнан зикр гардид, ки имрӯз тамоюли тадриҷан афзоиш ёфтани ҳаҷми ҳамлу нақли бор дар ин масир мушоҳида мешавад, ки ба ин тарифҳои ҷолиб мусоидат мекунад.

    Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо вазифаҳоеро муайян карданд, ки дар оянда дар доираи самтҳои баррасишудаи ҳамкорӣ амалӣ хоҳанд шуд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates