Ўзбекистон – Белорус: ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт васеъ мегардад

    Нақлиёт 17 Iyun 2022 1386

    16 июн мулоқоти дуҷонибаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов ва вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Белорус Алексей Авраменко баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ, ки дар шакли алоқаи видеоконфронс баргузор шуд, масъалаи рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

    Ҷонибҳо, аз ҷумла ба афзоиши шумораи парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳои Ӯзбекистон ва Беларус изҳори ҳавасмандӣ карданд. Инчунин оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои боркашонандагони миллӣ дар раванди ҳамлу нақли байналмилалии бор тавассути нақлиёти автомобилӣ табодули афкор сурат гирифт.

    Дафтари матбуоти Вазорати нақлиёт хабар медиҳад, ки дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт ривоҷ диҳанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates