Ба гурӯҳи байнипарлумонии иборат аз 16 нафар раиси Кумитаи Сенат оид ба рушд ва экологияи Арал Борий Алихонов раҳбарӣ кард.

Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли 2021 дар Рийгикогуи Эстония гурӯҳи дӯстӣ бо Парлумони Ӯзбекистон таъсис ёфт.

Ба гуфтаи сафорати Ӯзбекистон дар Латвия, ҷорӣ шудани ин ниҳоди ҳамкорӣ  равобити байнипарлумониро васеъ мегардонад, сатҳи муколамаи сиёсиро густариш медиҳад, ба рушди боз ҳам бештари равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, технологӣ, илмӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Агентии иттилоотии «Дунё» менависад, ки ҳамкориҳои байнипарлумонӣ низ яке аз майдонҳои асосии гуфтушунид барои ҳамоҳангсозии талошҳои бисёрҷонибаи давлатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои минтақавӣ мебошад.

Холо масъалаи ташкили гуфтушуниди аввалини гурӯҳҳои дӯстии парлумонии ҳар ду мамлакат таҳия мегардад.