Дар рӯзи дуюми сафар аъзои гурӯҳи кории Вазорати нақлиёт аз шаҳри Пусан дидан намуда, дар он ҷо бо роҳбарони шаҳрдории Пусан ва маъмурияти бандари баҳрии Пусан мулоқот анҷом дода, инчунин бо лоиҳаҳои инфрасохтории шаҳри Пусан дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳ шинос шуданд. Аз ҷумла, бо ноиби президенти маъмурияти Пусан оид ба идоракунии бандарҳои баҳрӣ Ким Гван-мин бинобар таъминоти логистика, транзит ва интиқоли мол гуфтушунидҳо сурат гирифтанд.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо маъмурияти бандари Пусан изҳор дошт, ки омодааст курсҳои омӯзишии ройгон дар Пусан барои 10 намояндаи Вазорати нақлиёт бо мақсади рушди кадрҳои ҷавон дар соҳаи нақлиёт ва логистика, баланд бардоштани малакаи онҳо дар самти истифодаи самараноки бандарҳо дар равандҳои содироту воридот ташкил намояд.
Вохӯрӣ бо муовини раиси шаҳри Пусан Ли Бюнг Сзин доир гардид, ки дар он дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои мо дар соҳаи нақлиёт, инфрасохтори роҳ ва ҳамлу нақли бандар баррасӣ шуд. Дар он ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки нақлиёти ҷамъиятиро бо истифода аз таҷрибаи куриёгӣ якҷоя ривоҷ диҳанд, дар бунёди роҳу купрӯкҳо табодули таҷриба намоянд.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Кимхэи Пусан мулоқот бо директори иҷроияи ин фурудгоҳ Ҷже Ҳи Пак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия, рушди фурудгоҳҳо баргузор гардид. Зимни мулоқот Ҷже Ҳи Пак гуфт, ки дар оянда миёни шаҳрҳои бузург ва таърихии Ӯзбекистон ва шаҳри Пусан роҳандозии парвозҳо дар назар аст, ки дар робита ба он ҷанбаҳои молиявию иқтисодии ин парвозҳо, мадохилот ва ҳисобҳои дигар мавриди баррасӣ қарор доранд.
Зимнан зикр гардид, ки бар асоси ин ҳисобҳо ҷониби Ӯзбекистон бо анҷоми музокирот бо ширкати ҳавопаймоӣ имкон пайдо кардааст, ки байни шаҳри Пусан ва шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухоро парвозҳо ба роҳ монад. Ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд оиди ба кор даровардани ин парвози иловагӣ ва расонидани кумаки амалӣ барои суръат бахшидан ба равандҳои зарурии дохилӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.