Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди пашми гӯсфанд ва ҷалби сармоя ба ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муғулистон яке аз кишварҳои пешсаф дар истеҳсол ва коркарди пашми гӯсфанд ба шумор меравад. Дар мулоқот ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин соҳа, мубодилаи технологияҳо ва рушди равандҳои истеҳсолиро баррасӣ намуданд.
Тибқи натиҷаҳои музокирот, қарор шуд, ки гурӯҳи махсуси корӣ иборат аз соҳибкорони ӯзбекистонӣ, ки дар истеҳсоли маҳсулоти чармӣ, пойафзол ва пашм машғуланд, таъсис дода шавад.
Дар доираи сафари тиҷоратӣ ҳайати намояндагони Ӯзбекистон ба Муғулистон сафар намуда, вазъи кунунии соҳаи мазкурро меомӯзанд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин сафар соҳибкорони ӯзбекистонӣ бо ширкатҳои муғулӣ гуфтушунид анҷом дода, ба тавофуқоти мутақобилан судманд мерасанд.