Ўзбекистон – АМА: ҳамкорӣ аз лиҳози лоиҳаҳои стратегӣ

    Дар Дафтари Сарвазири Аморати Муттаҳидаи Араб мулоқоти гурӯҳи кории Ҷумҳурии Ӯзбекистон иборат аз намояндагони Агентии рушди стратегӣ бо директори иҷроияи Dubai Future Foundation Саид Ол-Фаласӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот Саид Ол-Фаласӣ тақдимоти Dubai Future Foundation ва самтҳои асосии фаъолиятро гузронд. Ҳамин тариқ, рисолати асосии Dubai Future Foundation дастгирии таҳия ва татбиқи ғояҳои пешқадам барои ояндаи Дубай бо мақсади табдил додани шаҳр ба аз ҳама пешрафта, қулай, навоварона ва ҷолибтарин дар ҷаҳон мебошад.

    Барои ноил шудан ба ин ҳадаф Dubai Future Foundation аз воситаҳои худ Dubai Future Academy, Dubai Future Experts Program, University Entrepreneurship Program, Dubai Future Accelerator и Dubai 10x истифода мебарад. Ҳар яке аз ин воситаҳо ва барномаҳо ба Dubai Future Foundation навовариҳои пайваста пешкаш мекунанд, ки ҳаёти одамонро осонтар ва қулайтар мегардонанд.

    Дар анҷоми мулоқот дар бораи такомули масъалаи татбиқи лоиҳаи University Entrepreneurship Program, Dubai Future Accelerator ва Dubai 10x дар Ўзбекистон мувофиқа ҳосил шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Агентии рушди стратегии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates