Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва автомобилӣ, суръат бахшидан ба ҳамлу нақли бор дар қаламрави ду кишвар табодули афкор намуданд.
Намояндагони ҳар ду тараф муваффақиятҳоеро, ки дар роҳи зиёд кардани ҳаҷми муомилоти моли байни мамлакатҳои мо ба даст оварда шудаанд, қайд карданд. Аз ҷумла, аз рӯи ҷамъбасти соли 2021 ҳаҷми савдои мутақобила нисбат ба соли қаблӣ 46 фоиз афзоиш ёфтааст.
Зимни мулоқот ҷониби Покистон аз имкониятҳо ва зарфиятҳои бандари Қарочӣ дар доираи дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии бор муаррифӣ намуд.
Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши нақлиёт ва логистика баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, тадбирҳои минбаъда оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар” баррасӣ шуданд.
Пешниҳоди ҷониби Ӯзбекистон дар бораи ҷорӣ кардани хатсайрҳои нави (роҳҳои ҳавоӣ) хидматрасонии ҳаракати ҳавоӣ тавассути фазои ҳавоии Покистон ба таври муфассал баррасӣ шуд.
Бинобар ҷамъбасти музокирот дар доираи иҷрои вазифаҳои умумӣ ва пеш бурдани самтҳои баррасишадаи ҳамкорӣ созишномаҳои иловагӣ ба даст омаданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.