Ӯзбекистон — Тоҷикистон: ҳамкориҳои гумрукӣ густариш меёбанд

    Бехатарӣ 16 Mart 2022 654

    Зимни мулоқот муовини сардори Хидмати гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Хурматзода ва муовини сардори Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Уткирҷон Қодиров, инчунин намояндагони Маркази миллии кинологии назди Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон, тавсеаи ҳамкориҳои сохторҳои байни идораҳои гумруки ду кишвар баррасӣ шуд.

    Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни идораҳои дахлдори ду кишвар табодули афкор намуда, омодагии худро барои таҳкими муносибатҳо дар низоми гумрукӣ ва мусоидат дар ҳамлу нақли молу маҳсулот, ҳамчунин беҳбуди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби санадҳои аз ҷониби идораҳои гумрукии ду кишвар оид ба пеш бурдани фаъолияти гумрук баимзорасида изҳор намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

    Иззатулло Ҳурматзода зимни мулоқот тазаккур дод, ки ҳамкории мутақобилан судманди гумрукӣ миёни ду кишвари шарики стратегӣ сол аз сол рушд меёбад.

    «Бо дарназардошти ҳолати кунунии минтақа, барои пешгирии омилҳои ғайриқонунии гардиши маводи мухаддир, пеш аз ҳама баланд бардоштани неруи инсонӣ зарурати таъмин намудани кормандони масъул бо лавозимоти муосири корӣ, аз ҷумла мукаммалгардонидани бахши кинологӣ ба миён омадааст, — гуфт ӯ ва иброз дошт, ки дар робита ба ин, мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёр ва бозомӯзии кадрҳо дар самти кинология таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, омӯзиши мутахассисони соҳаи кинологияро дар дохил ва берун аз он роҳандозӣ кардааст».

    Уткирҷон Қодиров ба ҳамкории муштарак миёни ду мақомот баҳои баланд дода, бо итминон таъкид дошт, ки дар оянда низ мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар сарҳадоти миёни ду кишвар пурзӯр карда хоҳад шуд.

    Номбурда омодагии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистонро барои фаро гирифтани кинологони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмил додани донишу малакаи касбӣ дар Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳор намуд.

    Ҳамчунин дар фарҷоми мулоқот ба кормандони масъули Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон 10 саги кинологӣ супорида шуд.

    Мавриди зикр аст, ки соли 2021 беш аз 15 нафар кинологон аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон донишу малакаи касбии хешро мукаммал гардониданд.

    Мувофиқи қарори дахлдори Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурӯъ аз 15 март, фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шуда, назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

    Қарори мазкур бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани фаъолияти пурраи самтҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат, ғанигардонии иқтисодиёти кишвар ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои ҳамсоя қабул карда шуд.

    Тибқи қарор, гувоҳнома оид ба ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.

    «Ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи «манфӣ»-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда нисбат ба COVID-19, ки ба муҳлати то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд», — омадааст дар қарор.

    Реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда мешавад.

    Ҳамчунин дар асоси қарори мазкур баргузор намудани тўйи домодию арусӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates