Дар мулоқот масъалаҳои тезонидани равандҳои гирифтани шаҳодатномаҳо аз ин созмон барои як гурӯҳи дигари корхонаҳои чарму пойафзоли Ӯзбекистон, инчунин ҷорӣ намудани стандартҳои аврупоии идоракунии сифат дар равандҳои истеҳсолии онҳо баррасӣ шуданд.
Дар рафти мулоқот дар бораи талаботи сертификатонии байналмилалӣ, ки дар Ӯзбекистон татбиқ шудааст, инчунин оид ба корҳо оиди баланд бардош-тани экологӣ будани истеҳсолот, таъмини шароити муътадили меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии меҳнаткашон маълумоти муфассал дода шуд. Инчунин оид ба узвияти гурӯҳи корхонаҳои Ӯзбекистон ба SLF ва мутобиқ кардани низоми кунунии идоракунӣ дар онҳо ба стандартҳои Иттиҳоди Аврупо табодули афкори судманд сурат гирифт.
Хабар дода шуд, ки дар корхонаҳои “Top Quality Brand”, “Angren Charm Invest”, “Peng Sheng Charm”, “Hamkor Nur”, ки нақшаи гирифтани ин сертификатро доранд, аллакай равандҳои мутобиқсозии параметрҳои техникӣ, системаҳои идоракунӣ ва таъмини сифати маҳсулот ба талаботе, ки дар сертификатҳо муқаррар карда шудаанд, ба анҷом мерасанд. Ба ин муносибат масъалаҳои ташкилии босуръат расондани сертификатҳои SLF ба ин корхонаҳо низ дида баромада шуданд.
Барои маълумот: SLF як ташкилоти бузурги байналмилалии сертификатсия мебошад, ки мутобиқати принсипҳои экологӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар коркард ва истеҳсоли маҳсулоти чарм арзёбӣ мекунад. Гирифтани шаҳодатнома аз ин созмон маънои онро дорад, ки корхонаҳо ба ҳама стандартҳои Британияи Кабир ва ИА комилан мувофиқат мекунанд. Ҳоло зиёда аз 200 корхона ба ин ташкилот дохиланд.