Ӯзбекистон – Венгрия: дар соҳаи таълим ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад

    Таълим 27 Iyul 2023 1877

    Дар ин рӯзҳо ҳайати Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон бо сафари корӣ дар Венгрия қарор дорад. Дар Будапешт, пойтахти ин кишвар, муовини вазири кишоварзӣ Умид Мамадаминов бо ректори Донишгоҳи Ниредҳазаи Венгрия Ҷорҷ Сабо мулоқот кард.

    Зимни суҳбат масъалаи роҳандозии ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таълими ду кишвар дар самти омода кардани кадрҳои таҳсилоти олӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуд. Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи Ниредхаза яке аз муассисаҳои пешбари таҳсилоти олии Венгрия бо обрӯи байналмилалӣ ба туфайли омезиши тадқиқоти илмӣ, таҳсилоти босифат ва таваҷҷуҳи бештар ба донишҷӯён мебошад.

    Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ Ҷорҷӣ Сабо изҳор дошт, ки имкони таҳсили донишҷӯёни ӯзбекистонӣ дар асоси грант вуҷуд дорад. Ҷониби Ӯзбекистон ба низоми маорифи Венгрия изҳори боварӣ карда ва омодагии худро барои фиристодани ҷавонони ӯзбек барои таҳсил ба ин кишвар эълом кардааст.

    Дар натиҷаи музокироти ду ҷониб дар бораи ҷалби донишҷӯён ба таҳсили грантӣ дар ин донишгоҳ ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

    Тибқи ин ёддошт, 8-10 донишҷӯ аз Ӯзбекистон имкони таҳсил дар Донишгоҳи Ниредҳазаро дар асоси грант аз рӯи самтҳои мухталифи кишоварзӣ пайдо мекунанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates