Ўзбекистон – Ҷопон: стратегияи ҳамкорӣ барои пешомади дарозмуҳлат

    Дар ҳошияи 4-умин ҳамоиши обӣ Осиё ва Уқёнуси Ором дар шаҳри Кумамото муовини Сарвазир – вазири сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Умурзоқов бо Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида вазъи кунунии ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Ҷопон, рафти татбиқи ташаббусҳои муштарак ва масъалаҳои мустаҳкам намудани муносибатҳои дутарафа дар пешомади дарозмуҳлатро баррасӣ намуд.

    Ба динамикаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин таваҷҷуҳи пайваста афзояндаи ширкатҳои ҷопонӣ ба тиҷорат дар Ӯзбекистон баҳои баланд дода шуд.

    Ҷонибҳо бобати лоиҳаҳои бузурге, ки дар Ӯзбекистон бо ҷалби корпоратсия ва созмонҳои молиявии Ҷопон татбиқ мегарданд, кутоҳ истода гузашта, миқёс ва аҳамияти онҳоро ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон таъкид намуданд.

    Самтҳои минбаъдаи рушди ҳамкориҳо бо мақсади пешбурди лоиҳаҳо ва ташаббусҳои аллакай мувофиқашуда, инчунин табодули афкор оид ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд муайян карда шуданд.

    Дар ҷараёни мулоқот механизмҳои ҳамкории дуҷониба дар самти баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои об ва таъмини истифодаи мутавозини об дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.

    Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии созишномаҳои мавҷуда, инчунин кори муштарак ҷиҳати дарёфти нуқтаҳои нави рушди шарикии дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates