Uzbekistan Airways барои иди Наврӯз тахфифи 21 фоиза эълон кард

    Нақлиёт 1 Mart 2023 911

    Ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways ба тарифҳои басарфа ва бизнеси рейсҳои дохили Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18 то 22 марти соли 2023 тахфифи 21 фоиза эълон мекунад.

    Шартҳои тахфиф

    Якҷоя кардани тахфифҳо (ба истиснои бачагона) манъ аст.

    Тахфифҳои дар боло зикршуда ба кӯдакони то 2-сола (INF) татбиқ намегардад.

    Барои кӯдакони аз 2 то 12-сола тахфифи 21 фоиза илова ба тахфифи дарамали 25 фоизаи бачагона пешниҳод карда мешавад.

    Дар сурати баргардонидан/азнавбронкунӣ/азнаврасмигардонӣ тахфифи ба тариф пешниҳодшаванда ба боҷи барои баргардонидан/азнаврасмигардонӣ ситондашаванда татбиқ карда намешавад, барои кӯдакон он бо тартиби муқарраршуда (бо истифода аз тахфифи 25%) ситонида мешавад. Барои ҳисоб кардани ҳаҷми баргардондани чиптаи қисман истифодашуда, тариф дар қитъаи истифодашуда бидуни истифодаи тахфифи идона ҳисоб карда мешавад.

    Дар сурати аз нав расмӣ гардондани чиптаи истифоданашуда ё қисман истифодашуда, агар яке аз санаҳои парвоз ба давраи тахфиф рост наояд, ба дарачаи пурраи тариф бе татбиқи тахфиф зам кардан лозим аст.

    Чиптаҳоро ба воситаи сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоии www.uzairways.com дар замимаи иловаи "UzAirways", инчунин филиали Uzbekistan Airways Sales ё агентҳои ширкати ҳавопаймоӣ харид кардан мумкин аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates