«Uzbekistan Airways» дар Намоишгоҳи байналмилалии WTM-2022 дар Лондон иштирок кард

    Сайёҳӣ 9 Noyabr 2022 1069

    Ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Аirways» иқтидори авиатсионии худро дар доираи стенди миллии «Ӯзбекистон» дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM-2022, ки аз 7 то 9 ноябр дар Лондони Британияи Кабир баргузор мегардад, муаррифӣ мекунад.

    Дар намоишгоҳи серӯза дар баробари чунин соҳаҳо, аз қабили меҳмонхонаҳо, технологияҳои иттилоотӣ дар туризм, бозорҳои сайёҳии рушдёбанда, шикати ҳавопаймоии «Uzbekistan Аirways» хидматҳои худро дар соҳаи интиқоли ҳавоии мусофирон, инчунин хидматгузориҳои пурра дар соҳаи мазкур пешниҳод менамояд.

    Ин макони сайёҳӣ як платформаи хубе барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Британияи Кабир ва Ӯзбекистон буда, ба рушди сайёҳии байни кишварҳо хизмат мекунад.

    Қобили зикр аст, ки дар намоишгоҳ беш аз 50 ҳазор нафар мутахассисони касбии сайёҳӣ, созмонҳо ва ҳазорон намояндагони ВАО аз беш аз 180 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates