Ӯзбекистон ва Озарбойҷон якҷо Чемпионати ҷаҳонии футбол FIFA U-20-ро соли 2027 баргузор мекунанд

    Варзиш 3 Oktabr 2025 1790

    Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии ФИФА миёни футболбозони то 20-сола дар соли 2027 мизбонӣ мекунанд. Дар ин бора дар ҷамъомади навбатии Шӯрои ФИФА гуфта шуд, хабар медиҳад хидмати ахбори Федератсияи футболи Ӯзбекистон.

    Дар хабар таъкид мешавад, ки ин мусобиқа пас аз Ҷоми ҷаҳонии дастаҳои миллии ФИФА, дуюмин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

    Солҳои охир мамлакатамон ба аксар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ мизбонӣ намуда, таҷрибаи зиёд ба даст овард. Бахусус, соли 2024 дар сатҳи баланд ташкил гардидани Ҷоми ҷаҳонии футзали ФИФА дар кишвар, аз ҷониби ҷомеаи байналмилалии футбол эътироф гардид. Баргузории чунин мусобиқаҳо барои таҷрибаи кофӣ ва иқтидор пайдо намудани мутахассисони ӯзбекистонӣ дар ташкил ва идораи мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ имкон фароҳам меоварад.

    Соли 2027, футболбозони ҷавони боистеъдоди ҷаҳон барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии ФИФА миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ҷамъ меоянд. Ватани маҳбуби мо мисли ҳамеша омода аст, то боз ҳам бо меҳмоннавозӣ, муносибати касбӣ, садоқат ба футбол ва албатта, муҳаббати мухлисон диққати тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб кунад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates