Ўзбекистон ва Чехия ба 800 миллион евро, аз он ҷумла хариди 30 поезди барқӣ шартнома ба имзо расонд

    Дар натиҷаи сафари ҳайати Ӯзбекистон ба Чехия созишномаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ ба маблағи беш аз 800 миллион евро ба имзо расид, хабар медиҳад сомонаи ҳукумат.

    Чӣ хеле ки маълум карда мешавад, Президенти Чехия Петр Павел бо Сарвазири Ӯзбекистон Абдулла Арипов мулоқот анҷом дод.

    Ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои байни муассисаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, кишоварзӣ, фарҳангию гуманитарӣ, таҳсилоти олӣ ва тадқиқотиро баррасӣ карданд.

    Инчунин бо намояндагони ширкатҳои Škoda, Omnipol, Crystal Bohemia, Primako ва дигар фирмаю ширкатҳои пешқадам мулоқот ва гуфтушуниди дутарафа сурат гирифт.

    Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни сафар ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» ва ширкати Škoda Group-и Чехия барои интиқоли 30 адад электропоезд ба маблағи 320 миллион евро шартнома ба имзо расониданд.

    Поездҳои чорвагондор барои роҳҳои васеъ соли оянда истеҳсол карда мешаванд. Қисмҳои асосӣ дар корхонаи Острава васл карда мешаванд, як қисми васлкунии мошинҳо дар Ӯзбекистон боқӣ мемонад.

    Вагонҳо қисман паст буда, онҳо дорои Wi-Fi ва системаҳои назорати видеоии дохиливу берунӣ хоҳанд буд.

    Лоиҳа аз ҷониби бонкҳои Чехия бо дастгирии ширкати суғуртаи содиротии Чехия EGAP маблағгузорӣ мешавад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates