Зимни музокирот дурнамоҳои тақвияти ҳамкорӣ байни Ӯзбекистон ва муассисаҳои калидии молиявии Олмон баррасӣ гардиданд. Ҷаноби Ҳубертус изҳор дошт, ки омода аст ба воридшавии ташкилотҳои бузурги молиявии Олмон ба бозори Ӯзбекистон мусоидат намояд.
Ба масъалаи ташкили муҳити мусоид барои ҷалби фондҳои венчурӣ, соҳибкорони сармоягузор (бизнес-фариштаҳо) ва дигар иштирокчиёни бахши сармоягузориҳои ғайрианъанавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Имкониятҳои татбиқи таҷрибаҳои пешрафта дар соҳаи технологияҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ, ки аз ҷониби «Frankfurt Main Finance» ва «World Alliance of Financial Centers» амалӣ мешаванд, муҳокима гардиданд.
Ҷонибҳо пешрафти Ӯзбекистонро дар самти беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва фароҳамсозии шароити рушди устувори иқтисодӣ баланд арзёбӣ карданд. Дар мавриди идомаи ҳамкориҳои амалӣ, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои муштарак ва машваратҳо барои татбиқи ташаббусҳои зикршуда тавофуқ ҳосил шуд.
Мулоқот таваҷҷуҳи муштарак ба таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва рушди шаклҳои нави ҳамкориҳои иқтисодиро миёни Ӯзбекистон ва Олмон тасдиқ намуд.