Тибқи барномаи сафар мулоқоту вохӯриҳои амалӣ рӯзҳои 11-12 май доир мегардад.
11 май, дар маҷмааи “Саъдобод”-и Теҳрон мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматӣ таҳти сарварии Сарвазири Ӯзбекистон ва муовини аввали президенти кишвари мизбон Муҳаммад Ризо Ориф баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳоямон дар ҳама самтҳо ривоҷ ёфта истодааст ва дар ин раванд, мулоқотҳои мунтазаму самимии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён омили муҳим мебошад.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки ин мулоқот имкони хубе барои муайян кардани самтҳои нави ҳамкориҳо буда, имкониятҳои дар оянда зиёд намудани ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба то ба 2 миллиард доллари амрикоиро, ки Президентҳои мо муқаррар намудаанд, баррасӣ намуданд.
Аз ҷумла, таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика муҳим аст. Барои ин ҷиҳати ҳар чӣ зудтар ҳал кардани баъзе масъалаҳое, ки дар ин самт тӯли солҳо ҳалли худро интизор буданд, зарурати андешидани чораҳои амиқ ва роҳандозии ҳаракати ҳамҷиҳатона таъкид гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти рушди ҳамкориҳои саноатӣ, фаъол гардонидани робитаҳо байни минтақаҳои кишварҳо, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои илму фан, таълим, технология ва инноватсия, инчунин ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ ва фарҳангию гуманитариро иброз доштанд.
Зикр гашт, ки вазорату идораҳои дахлдор бояд барои сари вақт иҷро шудани созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда фаъолтар кор кунанд.
Дар поёни мулоқот “Харитаи роҳ” оид ба таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон ва Эрон барои солҳои 2025-2027, Баённомаи тасдиқи номгӯи молҳои Созишномаи тиҷорати имтиёзнок, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи наботот ва карантин ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандарти Ҳалол имзо карда шуданд.