Ӯзбекистон ва Чин масъалаи густариши ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва сармоягузорӣ баррасӣ карданд

    Сармояҳо 21 Oktabr 2025 3002

    Дар Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти муовини вазир Илзат Қосимов бо намояндагони ширкатҳои чинӣ «Dongfang Electric International Corporation» ва «Sinosure» баргузор шуд.

    Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда, инчунин масъалаҳои марбут ба қарздиҳӣ ва суғуртаи лоиҳаҳои сармоягузориро дар қаламрави Ӯзбекистон муҳокима карданд.

    Ширкати «Dongfang Electric International Corporation» яке аз бузургтарин корпоратсияҳои саноатии Чин ба ҳисоб рафта, дар тарҳрезӣ ва сохтмони иншооти энергетикии давраи пурра тахассус дорад.

    Дар поёни вохӯрӣ тарафҳо оид ба таҳкими ҳамкории молиявию техникӣ ва рушди ҳамкорӣ дар самти сохтмони хатҳои нави интиқоли барқ ба мувофиқа расиданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates