Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд, натиҷаҳои дар соҳаи сармоягузорӣ бадастомада ҷамъбаст гардиданд ва раванди омодагӣ ба Форуми дуюми байниминтақавии Ӯзбекистону Чин, ки баргузории он барои 1–2 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд ба нақша гирифта шудааст, муҳокима гардид.
Интизор меравад, ки дар форуми мазкур беш аз 1500 намоянда аз Ӯзбекистон ва Чин иштирок хоҳанд кард. Дар доираи ин чорабинӣ баргузории форуми соҳибкорони Ӯзбекистону Чин, ҷаласаҳои мавзӯии панелӣ ва намоишгоҳи маҳсулоти миллии ҳарду кишвар дар назар аст.