Ўзбекистон ва Раёсати зиддитеррористии СММ “Харитаи роҳ” оид ба рушди ҳамкориро имзо карданд

    Бехатарӣ 19 Oktabr 2022 1120

    18-19 октябри соли 2022 бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ва Дафтари мубориза бо терроризми СММ ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Владимир Норов дар конфронси сатҳи баланди «Ҳамкории байналмилалии ва минтақавӣ оид ба амнияти сарҳадӣ бо мақсади мубориза бо терроризм ва пешгирии ҳаракати фаромарзии террористон» иштирок кард.

    Дар ҳошияи конфронс 18 октябр бо муовини Дабири кулли СММ – роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот баргузор гардид.

    Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо ҷиҳати таъмини сулҳу амният дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар доираи Нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ баррасӣ шуд.

    Зимни суҳбат ҷонибҳо қайд карданд, ки конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи стратегшияи сазкур дар Осиёи Марказӣ, ки 3-4 марти соли 2022 дар шаҳри Тошканд баргузор гардида буд, имкон дод, тамоюлҳо ва равишҳои умумии мубориза бо терроризм бо назардошти тағйир ёфтани мухити байналхалқии ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақа мувофиқа карда шавад.

    Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ» як қатор санадҳои муҳим қабул гардиданд.

    Дар байни онҳо Нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ дар таҳрири нав, ҳамчунин “Эъломияи Тошканд” мебошад, ки онҳо тааҳҳуди кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби нақшаи нави фаъолият тасдиқ кардааст.

    Дар натиҷаи мулоқот “Харитаи роҳ” ба имзо расид, ки дар он ташаббусҳо ва пешниҳодҳои дар ҷараёни конфронси Тошканд ба миён гузошта шуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба муайян шудаанд.

    Таъкид гардид, ки ин санад ба сатҳи сифатан нав баланд бардоштани ҳамкорӣ ва бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардонидани он мусоидат мекунад.

    “Харитаи роҳ” ташкили чорабиниҳои муштараки сатҳи баланд, ташкили шабакаи виртуалии мубориза бо кибертерроризм дар Осиёи Марказӣ, табодули таҷриба оид ба истифодаи самараноки ҷамоатҳои маҳаллӣ (маҳаллаҳо) дар офиятбахшӣ ва реинтегратсияи муҳоҷирон, ташкили Шӯрои экспертии минтақавӣ оид ба ин масъаларо таҳти сарпарастии Дафтари зиддитеррористии СММ ва дигар фаъолиятҳо пешбинӣ менамояд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates